Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Ироқ


Бо гузашти нӯҳ моҳ аз интихоботи порлумонӣ дар Ироқ, ки ҳеҷ яке аз аҳзоб пирӯзии мутлақ ба даст наёварда буд, порлумон дар ниҳоят ба ҳайъати ҳукумати нав раъйи эътимод дод. Баъди бунбасти сиёсӣ ва баҳcҳо дар мавриди таркиби ҳукумат, порлумони Ироқ ҳайъати ҳукумат, бо шумули се муовини нахуствазир ва 31 вазирро пазируфт.

Дар маҷмӯъ, ҳукумати Нурӣ Ал-Моликӣ дорои тақрибан чиҳил вазир аст, вале ӯ ба порлумон танҳо 29 нафари онҳоро муаррифӣ кард. Нурӣ Моликӣ гуфт, барои баррасии номзадии ин вазирон ба вақти бештаре ниёз дорад. Ӯ таъсиси ҳукуматро як кори бисёр сахт хонд: «Ман масъулияти таъсиси ҳукумати ваҳдати миллиро як кори бисёр мушкил дар чунин кишвари дорои қавму ҷиноҳҳо ва аҳзоби мухталиф дарёфтам. “

Ҳукумати ваҳдати миллӣ

Дар ҳукумати нави Ироқ ҳар се гурӯҳи аслии шиъа, суннӣ ва курд намоянда доранд, Иёд Аллавӣ, нахуствазири собиқи Ироқ, ки ҳизбаш дар интихобот раъйи кофӣ барои таъсиси ҳукуматро ба даст наёвард, вале бо фосилаи каме баъди ҳизби Моликӣ омад, гуфт, аз ҳукумати нав ҳимоят хоҳад кард. Иёд Аллавӣ, ки шиъамазҳаб, вале тарафдори низоми дунёявӣ аст, гуфтааст, ки ҳамчун раиси Шӯрои миллии сиёсатҳои стротежӣ фаъолият хоҳад кард.

Дар ҳукумати нави Ироқ аз 35 мақоми ҳукуматӣ, 19 курсиро, эътилофи Нурӣ Ал-Моликӣ, 9 курсиро ҷиноҳи Ироқияи Иёд Аллавӣ, 4 курсиро курдҳо ва се курсиро ҷиноҳҳои дигар соҳиб шудаанд. Нурӣ Ал-Моликӣ эътироф кард, ки ҳайъати кобинааш олӣ нест.

Ӯ гуфт: ”Ин ҳукумат бо тамоми ташкилоташ мардумро қаноатманд карда наметавонад ва ҳамин гуна, ҷиноҳҳои сиёсӣ ва ё хостҳои ман ё ҳар каси дигарро, чунки дар шароити фавқуллодае ташкил шудааст. “

Дар интихоботи рӯзи 7-уми март дар Ироқ, ҳеҷ яке аз ҳизбҳои аслӣ натавонистанд, раъйи кофӣ барои таъсиси ҳукуматро ба даст оваранд ва тайи ин нӯҳ моҳ низ гуфтӯгуҳои зиёде бидуни натиҷа анҷомид. Дар интихобот бисёре аз шиъамазҳабон ба эътилофи сиёсии Нурӣ Моликӣ, суннимазҳабон ба ҳизби рақиби ӯ Иёд Аллавӣ ва курдҳо ҳам албатта ҷиноҳи сиёсии ҳамқавмони худ раъй доданд.

Ҳамингуна дар ҳукумати нав, Ҷалоли Толибонии курд, раиси ҷумҳур, Усома Ал-Нуҷайфии суннӣ раиси порлумон ва худи Моликӣ нахуствазир боқӣ монданд. Кишварҳои ҷаҳон аз ташкили ҳукумати Ироқ, истиқбол карданд.

Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташкили ҳукумат

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, онро «як марҳилаи фавқуллодаи таърихӣ» ва қадаме ба пеш хонд. Филип Кровлӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико дирӯз гуфт: «Таъсиси ҳукумат вақти зиёдеро гирифт. Мегуфтанд, ки Амрико меъёрҳои таъсиси ҳукуматро дикта кардааст ва ё бояд бикунад. Аммо мо ҳеҷ аз ин корҳоро накардем. Мо ва кишварҳои минтақа аз ҷараёни ташкили ҳукумат ҳимоят кардем ва дар ниҳоят ин худи ироқиҳо буданд, ки якҷо шуда, бо рафъи чолишҳои сиёсӣ ҳукуматро ташкил доданд. Ин як дастоварди муҳим аст. “

Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё гуфт, таъсиси ҳукумат иҷоза медиҳад, давлат ба мушкилоти расидагӣ кунад.

Кетрин Эштон, кумиссионери умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, Нурӣ Ал-Моликиро барои расидан ба созиш бо ҷиноҳҳои сиёсӣ табрик гуфтааст ва ҳамингуна Бан Гӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал аз таъсиси ҳукумат дар Ироқ ситоиш кардааст. Нигарониҳо вуҷуд дошт, ки бо тӯл кашидани таъсиси ҳукумат ва идомаи бунбасти сиёсӣ дар Ироқ, ки ба тадриҷ ором мешавад, дигарбора хушунат авҷ бигирад.
XS
SM
MD
LG