Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо дар оғӯши сарди барф


Бориши пай дар паи барф як идда фурӯдгоҳҳо, пойгоҳҳои роҳи оҳан ва роҳҳои мошингарди Аврупоро аз ҳаракат боз мондааст.

Бориши пай дар паи барф як идда фурӯдгоҳҳо, пойгоҳҳои роҳи оҳан ва роҳҳои мошингарди Аврупоро аз ҳаракат боз мондааст. Тахмин мешавад, ки бориши барф то рӯзи Иди Милоди Масеҳ идома меёбад ва бисёре аз мусофирон идро на дар канори хешу ақрабо, балки дар роҳ пешвоз мегиранд.

Сардтарин соли аср


Ҳавошиносон зимистони имсолаи Аврупоро яке аз сардтарин дар тӯли сад соли ахир номидаанд. Вале тавре мегӯянд, он чизе, ки барои аврупоиҳо даҳшат аст, барои русҳо рӯйдоди маъмулӣ ба шумор меравад. Рӯзҳои ахир дар пойтахти Русия низ бориши бидуни таваққуфи барф ба қайд гирифта шудааст, вале фурӯдгоҳҳои Маскав бидуни кадом таваққуфе ба қабул ва гусели ҳавопраймоҳо омодаанд.

Дар шаби ялдо Аврупо зери барф монду даҳҳо ҳазор мусофир, ки бо умеди пешвози иди Милоди Масеҳ дар канори аҳли хонаводаашон ба сафар баромада буданд, дар фурӯдгоҳҳо, пойгоҳҳои роҳи оҳан ва роҳҳои мошингарди кишварҳои мухталифи аврупоӣ банд монданд.


Лағви парвозҳои ҳавопаймоҳо


Сар аз рӯзи шанбе фурӯдгоҳҳои асосии шаҳри Лондон қисман ва ё комилан аз кор мондаанд. Дар фурӯдгоҳи бузургтарини Аврупо - Хитрови Лондон фақат як хатти парвоз фаъол буда, беш аз нисфи парвозҳо таъхир ва ё лағв шудаанд. Сухангӯи фурӯдгоҳи дигари пойтахти Британия- фурӯдгоҳи Гатвик ҳам изҳор намудааст, ки бидуни шакк дар давоми рӯзҳои оянда чандин парвоз ба таъхир меафтад.

Вазъият дар дарвозаҳои дигари Аврупо, яъне фурӯдгоҳҳои Франфурти Олмон ва Брусели Белгия аз он беҳтар нест. Умуман, гурӯҳи нозирони ҳавоӣ, ки фурӯдгоҳҳои 38 кишвари аврупоиро таҳти тасарруф доранд, мегӯянд, ки то душанбеи 20 декабр беш аз 22 ҳазор парвоз дар хат-сайрҳои дохиливу байналмилалӣ ба таъхир гузошта шуданд.

Интиқод аз дасткутоҳии фурӯдгоҳҳо

Комиссари нақлиёти Иттиҳодияи Аврупо Сиим Каллас хадамоти фурӯдгоҳҳоро масъули вазъи ногувор номида, даъват кард, ки корашонро беҳбуд бахшанд.

Сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо хонум Ҳеден Кирнз аз номи Комиссари нақлиёти ин созмон гуфт: “Фурӯдгоҳҳо бояд ба таври маъмулӣ омодагӣ ба ин гуна шароити обу ҳаворо мадди назар дошта бошанд. Солҳои ахир чунин вазъи обу ҳаво барои Аврупои ғарбӣ фавқулода набудааст. Тайёрии беҳтар, тавре дар Авурпои шимолӣ ба назар мерасад, амали ғайричашмдошт намебошад. Чунин вазъи обу ҳаво бояд пешбинӣ шавад ва сармояи лохзима барои рафъи он тахсис дода шавад. Ин паём бояд ба маъмурияти фурӯдгоҳҳои расад.”


Сардӣ – ҳавои маъмул барои Русия?


Ҳамин гуна вазъи номусоиди обу ҳаво дар Маскав ҳам мушоҳида мешавад. Шаби душанбе дар пойтахти Русия 10 сантиметр барф борид, вале дар фурӯдгоҳи Шереметево парвозҳо, ба истинои фурӯдгоҳҳои бастаи аврупоӣ, тибқи нақша амалӣ мешаванд.

Сухангӯи фурӯдгоҳи Шереметево Роман Гейнис дар ин бора мегӯяд: “Ман дар давоми се соли гузашта дар фурӯдгоҳи Шереметево ба ҳайси сухангӯй ифои вазифа кардаам. Дар ин муддат фурӯдгоҳ боре ҳам чунин ҳолате пеш наомадааст, ки фурӯдгоҳ чанд рӯз ва ё ҳатто як рӯз баста бошад.”

Гейнис меафзояд, ки омодагӣ ба зимистони қаҳратун дар моҳи октябр оғоз меёбад ва вақте барфи аввал меборад, хадамоти фурӯдгоҳ ба поккорӣ ҳозиранд:

Ӯ афзуд: “Мо техникаи зиёд дорем. Вақте барфи бисёр меборад, мо он мошинҳоро ба поксозии хатҳои парвозу нишаст сафарбар мекунем. Барнома мекашем, ки вақте як хатти парвозу нишаст фаъол аст, хатти дигар аз барф пок мешавад. Ҳамин гуна вақте поккорӣ тамом шуд, мошинҳо хатти дигарро пок намуда, имкон медиҳанд, ки ҳавопаймо аз хатти дигар истифода баранд.”

Гейнис бо тамасхур илова мекунад: он чизе, ки барои аврупоиҳо охир-замон аст, барои русҳо ҳаёти маъмулӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG