Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи нахуствазири собиқи Украина


Юлия Тимошенкоро рӯзи душанбе додситонҳо дар ҳузури вакили дифоъаш бозпурсӣ кардаанд Хонум Тимошенко баъди ин ба хабарнигорон гуфт, ки ба ӯ амр додаанд, дар ҷараёни тафтишот шаҳри Киевро тарк накунад. Ӯ санади иттиҳомот алайҳи худро дар назди хабарнигорон бо садои баланд хонд.

“Юлия Тимошенко, ба хотири манфиати шахсӣ амдан ва якҷониба тасмим гирифтааст, маблағҳои ба дастомада аз квотаи фурӯши газҳои гулхонаиро барои пӯшиш додани буҷа ва пардохти ҳаққи бознишастагӣ харҷ кунанд. “

Ангезаи сиёсии иттиҳом

Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, Юлия Тимошенко дар замони нахуствазириаш маблағеро, ки бояд барои ҳадафҳои дигар тахсис шуда буд, барои пӯшишонидани камбуди буҷа ва пардохти ҳаққи бознишастагӣ сарф кардааст.

Бар асоси Аҳдномаи Киото, корхонаҳо дар ивази ихроҷи газҳои гӯлхонаӣ бо пардохти маблағ ба хазинаи давлат аз ҳукумат иҷоза мегиранд ва ин маблағҳо бояд барои боз ҳам коҳиш додани газҳои олудакунандаи ҳаво масраф мешуданд на ба ҳадафҳои дигар.

Нозирони молие, ки ҳукумати Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина киро кард, моҳи октябр бо нашри гузорише гуфтанд, ки пулҳои бадастомада, ғайриҳадафмандона харҷ шудааст. Юлия Тимошенко, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳури моҳи феврал аз Виктор Янукович шикаст хӯрд, пайваста мегуфт, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад. Хонум Тимошенко, дирӯз гуфт, паёме ба раиси ҷумҳур Виктор Янукович дорад.

Нахуствазири собиқ иттиҳомро рад мекунад

Хонум Тимошенко гуфтааст: “Ман мехоҳам ба Виктор Янукович муроҷиат кунам. На ман ва на афроди пуштибони ман дар инҷо ва на миллионҳо украинӣ наметарсанд. Шумо бояд битарсед. Аз ҳамин тарс аст, ки шумо одамонро мезанед, таҳқир мекунед, мекушед ва ба зиндон меандозед. Аммо ин шуморо наҷот нахоҳад дод.”

Юлия Тимошенко, гуфтааст, ки пули ихтисосдода шуда барои иҷрои Аҳдномаи Киото, харҷ нашудааст ва ҳукумати ӯ он пули буҷаро масраф кард, ки барои ҳадафи хосе пешбинӣ нашуда буд. Хонум Тимошенко ба муфаттишон ҳам гуфтааст, 425 миллион доллар, ки доир ба он сухан мегӯянд, харҷ нашуда ва дастнохӯрда мондааст.

Тимошенко нахустин кас нест....

Ӯ дар торнамои ҳизбаш Меҳан гуфтааст, пардохти ҳаққи бознишастагии мардум бар асоси қонуни Украина ҷиноят нест. Ва афзудааст, раиси ҷумҳури Украина мехоҳад бо ин шева, аз рақиби аслиаш халос шавад.

Аммо танҳо Юлия Тимошенко нест, ки мақомоти расмӣ алайҳи ӯ парванда боз кардаанд, дигар аз мақомҳои ҳукумати пешинаи Украина низ ба ҳамин сарнавишт дучор шудаанд. Аз ҷумла Георгий Филипчук, вазири собиқи муҳити зист, Юрия Лутсенко, вазири собиқи умури дохилӣ, Богдан Данилшин, вазири собиқи иқтисод низ ба сӯистифода аз мақом ва масрафи ғайриҳадафмандонаи маболиғи хазинаи давлат муттаҳам мешаванд.

Мунҳариф кардани таваҷҷуҳи ҷомеа аз мушкилот?

Таҳлилгари сиёсии украинӣ, Юрий Якименко, мегӯяд, ин боздоштҳо як кӯшиши Виктор Янукович, барои мунҳариф кардани таваҷҷӯҳи ҷомеа аз иқдомоти сахти иқтисодиест, ки ҳукумат ҷиҳати коҳиши харҷи буҷа пеш гирифтааст:

“Ҳукумат ҳоло қарорҳои дардноке дар мавриди ислоҳоти низоми бознишастагӣ, имтиёзҳо ва кор пеши рӯ дорад. Ҳамзамон бо ин, ноқаноатмандии мардум меафзояд ва ҳукумат ҳам ҳимояти онҳоро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ ҳукумат таваҷҷӯҳро ба тими пешинаи сиёсӣ ва раҳбарияти он равона кардааст, то онҳоро гунаҳкори иттифоқоти имрӯза ҷилва диҳад.”

Тимошенко аз зиндон наметарсад

Аммо Михайло Погребинский, таҳлилгари дигари украинӣ мегӯяд, мардум бидуни шак, таъқиби Юлия Тимошенкоро дорои ангезаҳои сиёсӣ мепиндоранд ва дар сурати ба зиндон андохтани ӯ, ҳукумат як фурсати тиллоиро ба хонум Тимошенко медиҳад, ки ҳимояти ҷомеаро ба даст оварда ва дигарбора фотеҳона ба саҳнаи сиёсӣ баргардад.

Юлия Тимошенко дар торнамои худ навиштааст, ҳатто аз рафтан ба зиндон ҳам наметарсад. Ӯ навиштааст, ба хилофи Виктор Янукович ва тарафдоронаш, ки соли 2005 дар тамоми ҷаҳон паҳну парешон шуданд, ӯ ба ҷое нахоҳад рафт ва дар Украина хоҳад монд. “Ҳар вақте маро ба бозпурсӣ даъват кунанд, ман ҳозир хоҳам шуд. Ман аз ҳеҷ чиз наметарсам.” навиштааст, хонум Тимошенко.
XS
SM
MD
LG