Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Афғонистон 20 январ ҷамъ хоҳад шуд


Ҳайъати ҷадиди парлумони Афғонистон рӯзи 20 январ, 4 моҳ баъд аз интихоботи пуртахаллуфи парлумонӣ, ташкили нахустин иҷлосия хоҳад кард. Ваҳид Умар, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, парлумони нави иборат аз 249 вакил баъд аз таътилоти зимистонӣ адои савганд хоҳад кард. Натоиҷи ниҳоии интихоботи Афғонистон рӯзи 24 ноябр, ду моҳ баъд аз интихобот эълон шуд. Мақомоти интихоботӣ ба далели тақаллуб 1,3 миллион баргаи раъй, ё тақрибан чаҳоряки орои интихоботиро бекор ва пирӯзии 19 нафарро лағв карданд.
XS
SM
MD
LG