Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Минск ба бархӯрд бо пулис печид


Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, дар шаҳри Минск, тазоҳургарони хашмгини зидди раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ба бинои порлумон ворид шудаанд. Тазоҳургарон дару панҷараҳои порлумонро мешикананд ва бархӯрди онҳо бо пулис идома дорад. Ҳудуди 10 ҳазор нафар аз тазоҳургарон шоми дирӯз дар Майдони истиқлолияти Минск, дар назди қароргоҳи Кумиссини марказии интихоботи Ҷумҳурии Белорус ҷамъ омада ва алайҳи натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳур эътироз карданд. Онҳо мегӯянд, интихоботи рӯзи шанбе олуда ба тақаллуб будааст. Бар асоси арзёбиҳои пешакӣ, дар интихобот Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури феълӣ тақрибан 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Лукашенкои 56-сола 18 сол боз раиси ҷумҳури Белорус аст. Баъзе аз 9 нафар аз рақибони Александр Лукашенко, интихоботро интиқод карданд. Иттиҳодияи Аврупо ваъда дода буд, ки дар сурати баргузории интихоботи шаффофу одилона ба Ҷумҳурии Белоруси гирифтори мушкилот, кӯмакҳои молӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG