Бориши барфи зиёд дар Аврупо парвози ҳавопаймоҳо ва ҳаракати қаторҳоро дар роҳҳои оҳан ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Фурудгоҳҳои бузурги Аврупо дар Лондону Франкфурт ва Порис садҳо парвозро ба таъхир андохтаанд ва мусофирон маҷбур шудаанд, дуввумин шабро дар толорҳо рӯз кунанд. Дар шимоли ғарби Англия садҳо ронанда шаб дар дохили мошинҳояшон хобиданд. Дар шоҳроҳи ин минтақа дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ роҳ баста шудааст. Дар Италия вазъ то андозае беҳтар мешавад. Мошинҳои зиёд, ки дар роҳҳо монда буданд, акнун ба ҳаракат даромадаанд. Бориши барф то ба ҷануби Алҷазоир расидааст. Роҳҳои аслии ин кишвар низ баста шудаанд. Масъулони ҳавошиносӣ пешбинӣ кардаанд, ки чунин вазъ дар ҳафтаи дигар низ идома меёбад.