Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони "Истиқлол" дар бозиҳои ҷоми кишварҳои ҳамсуд


"Истиқлол"-дастаи футболи Душанбе ва қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, ки ба унвони дастаи қаҳрамон дар бозиҳои Ҷоми кишварҳои ҳамсуд дар соли 2011 ширкат мекунад, бо дастаҳои қаҳрамони Озарбойҷон, ва Молдоваву Қирғизистон бозӣ хоҳад кард. Ин бозиҳо аз 14- то 23 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо қаҳрамони Украина дастаи "Шахтёр" ширкат нахоҳад кард, балки дастаи "Динамо", ки дар зинаи дуввуми ҷадвал ҷой гирифтааст, ба мусобиқоти ҷом хоҳад рафт. Дар ин бора "Азия-Плюс" хабар додааст.
XS
SM
MD
LG