Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти созмондиҳандагони ошӯб дар маҳбас барои наврасон


Додгоҳи вилояти Свердловски Русия 45 ноболиғи маҳбаси шаҳри Кировоградро, ки се сол пеш даст ба ошӯб зада буданд, ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум кард. Яке аз созмондиҳандагони ошӯб ба 12 соли зиндон маҳкум гардид. Маҳкумшудагон бояд барои ҷуброни хисороти ба махбас воридкарда дар маҷмӯъ 20 миллион рубл пардохт намоянд.
Ошӯб дар маҳбас барои наврасон дар Кировоград моҳи октябри соли 2007 ба вуқӯъ пайваст. Наврасон талош карданд, ки аз симхорҳо гузашта фирор кунанд. Чанд бинои маҳбас оташ зада шуд. Муҳофизон маҷбур шуданд, ки сӯи ошӯбгарон тир андозанд. Дар ин ҳодиса ду наврас ва навбатдори маҳбас ба ҳалокат расида, 90 нафари дигар осеб диданд.
XS
SM
MD
LG