Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

В. Путин: Миллатгароӣ ғайри қобили қабул аст


Ин яке аз сӯҳбатҳои муҳими солонаи Путин бо сокинони Русия буд, ки аз студияи телевизион сурат гирифт. Вай ба саволҳои мардум, ки тавассути телефон, интернет, «смс» ирсол мешуд, дар курсиаш хеле роҳат нишаста посух медод. Вай бо ифтихор гуфт, ки нишондодҳои иқтисодии кишвараш дар соли ҷорӣ 4 дарсад афзоиш ёфта, ҳоло Русия аз пайомадҳои бӯҳрони иқтисодӣ раҳо мешавад. Вай гуфт, ки чунин пешравӣ дар давлатҳои дигар, аз ҷумла Аврупо ё Амрико мушоҳида намешавад.

Нахуствазири Русия гуфт: “Соли гузашта мо 6,2 миллион бекор доштем. Имсол мо шумори бекоронро то ҳудуди як миллиону дусад ҳазор нафар коҳиш додем. Мо корҳои пешинаи онҳоро барқарор карда, ҷойҳои нави корӣ эҷод кардем. Ин як нишондоди хеле хуб аст”.

Омодагирии Путин барои бозгашт ба Кремлин?

Мунаққидони Владимир Путин ингуна мусоҳибаҳои аз пеш тарҳрезишудаи ӯро бо мардум чун баҳонаи дигаре барои аз худ ба унвони як раҳбари қавиву яккатози давлати Русия нишон додан арзёбӣ мекунанд. Тахминҳо то рафт зиёд мешавад, ки ӯ соли 2012 дубора ҷӯёи курсии раёсатҷумҳурӣ хоҳад шуд ва ингуна мусоҳибаҳо, ваъдаҳои ҳалли мушкилоти онҳову шукуфоии ояндаи давлат он чизест, ки гӯши мардуми аз мушкилот хастаи Русия шунидан мехоҳад.

Таҳлилгарон инро як шеваи хоси наздикшавии Путин бо мардум меноманд, ки тибқи назарсанҷиҳо, аз пуштибонии зиёди онҳо бархӯрдор мебошад.


Миллатгароён ва "интеллигенсияи риштарошида"


Дар мусоҳибаи нахуствазири Русия саволе роҷеъ ба хушунатҳои қавмии ахир дар Маскав садо дод. Ӯ дар посух ба ин суол гуфт, ки экстремизм як зуҳуроти ғайри қобили қабул аст, чунки Русия кишвари гуногунмиллат ва бисёрмазҳаб аст. Вай гуфт: “Бояд тартибу интизом риоя шавад”. Владимир Путин ин навбат низ аз кори сохторҳои ҳифзи қонун ва полис ҳимоят карда гуфт, онҳо кори муҳимеро барои ҳимояи ҷомеа аз зуҳуроти миллатгароӣ анҷом медиҳанд.

Вай афзуд: “Вагарна интеллигенсияи либерали мо маҷбур мешавад ришашро тарошида, каскаро ба сар карда ба майдон баромада, бо тундгароҳо биҷангад. Ин, ба фикри ман, дар бадтарин ҳолат рӯй медиҳад, чунки ҳар кас бояд дар ҷои худ бо кори худ машғул шавад”.

Бояд гуфт, дар як матлабе, ки имрӯз чоп шудааст, яке аз мақомдорони Кремлин мухолифини либерали Русияро дар ташвиқу пуштибонии эътирозҳо айбдор кардааст.

Сарнавишти талхи Ходорковский

Суоли дигаре, ки ба нахуствазири Русия дода шуд, ба сарнавишти Михаил Ходорковский, сиёсатмадор ва як сарватманди маъруфи рус рабт дошт. Дирӯз бояд додгоҳи Маскав ба қироати ҳукми Михаил Ходорковский аз рӯи айбномаҳои нав шурӯъ мекард. Мунаққидон мегӯянд, ки ӯ ба хотири рақиби раёсатҷумҳурии Путин шуданаш мавриди чунин фишору таъқибҳо ва азиятҳо шудааст. Вай аз охири соли 2003 инҷониб дар зиндон ба сар мебарад.

Оид ба сарнавишти Ходорковский Путин гуфт: “Ман ҳам мисли қаҳрамони маъруфи Владимир Висотский чунин ба ин ақидаам, ки дузд бояд дар зиндон бошад”.

Ба ин тартиб, чунин ҳисобидан мумкин аст, ки додгоҳ таҳдиди худро оиди то 14 соли дигар дар зиндон нигоҳ доштани Ходорковский иҷро мекунад. Чун худи Ходорковский ҳангоми хондани изҳороти додгоҳии худ ишора карда буд, ки додгоҳ ҳукми худро бо дастур аз боло содир мекунад.
XS
SM
MD
LG