Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви таҳримҳои байнулмилалии зидди Ироқи давраи Саддом


Шӯрои Амнияти Созмони Милал таҳримҳои зидди Ироқро, ки дар замони раҳбарии президенти пешини ин кишвар Саддом Ҳусайн ҷорӣ шудаанд, бекор кард. Ноиб-президенти Амрико, Ҷо Байден, ки ба ҷаласаи он сарварӣ мекард, гуфт, "мардуми Ироқ ба таври ошкоро ояндаи талхеро, ки тундравон пешниҳод мекарданд, рад намдуд". Шӯрои Амният таҳрими фурӯши силоҳ ва таҷҳизоти ҳарбӣ ба Ироқ ва барномаи нафт дар ивази озуқаро бекор карда, сармояеро, ки дар бунёди рушди Ироқ ҷамъ омада буд, дар ихтиёри ҳукумати Бағдод қарор дод.
XS
SM
MD
LG