Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории ғайримунтазираи вазири хориҷаи Эрон


Тасмими Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дар бораи ихроҷи Манучеҳр Муттакӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, аз таркиби кобинаи ин кишвар ғайримунтазира ва бераҳмона буд.

Вақте, ки фармони раисиҷумҳур дар бораи барканории Муттакӣ тавассути хабаргузории давлатӣ эълон шуд, вай аз Сенегал боздид мекард.

Чунин барканорӣ бештар баёнгари рафтори Аҳмадинажод аст, на ихтилофоти вай роҷеъ ба сиёсати хориҷаи Эрон бо вазири корҳои хориҷа.

Иштибоҳи Муттакӣ

Яке аз изҳороти ахири Манучеҳри Муттакӣ қабл аз барканории ғайримунтазира аз мақом ваҳдати назари вай бо донишҷӯёни бритониёӣ буд, ки пулис аз эътирози онҳо бар зидди боло бурдани ҳаққи таҳсил, ба гуфтаи вай "бераҳмона пешгирӣ" кард.

Чунин мавзеъгирӣ бо сисёсати давлате, ки вай дар хидмати он буд, комилан мутобиқат мекунад. Моҳи декабри соли 2006 низ дар як конфронси сохтаи илмӣ ба ибтикори раисиҷумҳур таҳқиқоти донишмандонро дар бораи воқеияти қатли оми яҳудиҳо баррасӣ карданд. Дар ин конфронс тибқи маъмул онҳое ширкат карданд, ки куштори яҳудиёнро қатли ом намешумурданд.

Конфронс замоне баргузор шуд, ки Маҳмуди Аҳмадинажод қатли оми яҳудиҳоро "афсона" номид ва ин суолро матраҳ кард, ки оё дар воқеъ Олмони нозӣ дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ 6 миллион яҳудиро куштааст ё хайр.

Ба ҳамин тартиб, вақте, ки Маҳмуди Аҳмадинажод 13¬-уми декабр Муттакиро аз мақомаш барканор кард, дар бораи сабабҳои барканорӣ ин нуктаро баҳона овард, ки вай мехоҳад як шахси ислоҳотталабро бо андешаҳо тоза сари кор орад.

Ихтилофоти шахсии Аҳмадинажод ва Муттакӣ

Аммо Алӣ Ансорӣ, устоди мутолеоти эронӣ дар донишгоҳи Шотландия, мегӯяд, чунин тасмим ба сиёсат аслан иртибот надорад, балки ба ихтилофоти шахсии ду ҷониб марбут аст:

Ӯ гуфт: "Ман ин баҳсҳо ва рақобатҳоро муноқишаи шахсӣ арзёбӣ мекунам, на ихтилофоти сохторӣ ё ақидатӣ. Аҳмадинажод мехоҳад, ҳама корро дар дасти худ муттамарказ кунад ва ононеро, ки барои коре масъулиятро бар дӯш мегиранд, дӯст намедорад. Интизор мерафт, ки Муттакӣ на чун вазири мустақил, балки мисли касе бошад, ки бо андаке масъулият фаъолият кунад ва муқаррарот ҳам бояд чунин бошад".

Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон, дар бораи барканории Манучеҳр Муттакӣ ба рӯзноманигорон гуфт, баъид ба назар намерасад, ки Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Ожонси Энержии ҳастаии Эрон ва акнун сарпарасти вазорати хориҷа дар сиёсати хориҷаи Эрон, ба вижа дар робита бо барномаҳоли зиддунақизи ҳастаии ин кишвар тағирот ба вуҷуд орад.

Ӯ гуфт: "На дар сиёсатҳои ҳастаии кишварамон тағйир эҷод хоҳад шуд, на дар наҳваи музокирот ва усулан сиёсатҳои роҳбурдии низом дар сутуҳи болотаре тадвин мешавад ва масъулини мухталиф ин сиёсатҳоро иҷро мекунанд".

Рақиби собиқи Аҳмадинажод


Сиёсати хориҷӣ ва дохилии Эрон дар робита бо ғанисозии уран аз бахшҳои кори марбут ба Оятуллоҳ Хоменеӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, дониста мешавад. Муттакӣ 57 сол дорад ва қаблан сафир дар Туркия буд. Озодона ба забонҳои англисӣ ва урду сӯҳбат мекунад. Вай дар равандҳои сисёсиии Эрон бозигари камаҳамияте буд.

Дар бораи барканории Муттакӣ сару садоҳо низ вуҷуд дорад. Вақте, ки Аҳмадинежод Алии Лориҷониро аз мақоми сарпарасти ҳайати музокироти ҳастаии Эрон барканор кард, вай номзадии худро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2005 гузошт.

Манучеҳри Муттакӣ аз ҷонибдорони Лориҷонӣ буд. Вале Лориҷонӣ ин интихоботро бохт. Бо вуҷуди ин дар интихоботи порламонӣ намоянда интихоб шуд ва вакилони порламон вайро раиси порламон баргузиданд.

Баъд аз расидан ба мақоми раёсати порламон вай ба ҷиноҳи ҷонибдорони раиси ҷумҳур дар порламон фишор овард, зеро онҳо худхоҳӣ мекунанд ва масъулиятшинос нестанд. Коршиносон мегӯянд, барканории Манучеҳри Муттакӣ мумкин аст аз сӯе зери итоат даровардани порламон низ бошад.
XS
SM
MD
LG