Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти боздошти мусаллаҳон дар Балҷувон идома дорад


Маҳмадулло Асадуллоев-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин рӯзҳо гурӯҳи вижаи пулис дар ҳудуди ноҳияҳои Балҷувону Восеъ ва Ҳамадонӣ барои боздошти афроди мусаллаҳи номаълум амалиёти ҷустуҷӯ анҷом медиҳад:

"Дар қаторкӯҳҳои минтақаи Балҷувон, ноҳияи Ҳамадонӣ ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон амалиёти махсус барои безараргардонии гурӯҳҳое, ки дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда буданд, рафта истодааст".

Оқои Асадуллоев афзуд, дар ҷараёни амалиёт афроде ҷустуҷӯ мешаванд, ки дар бораи мавҷудияти онҳо маълумоти фаврӣ ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG