Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъвиқи озодии муассиси Викиликс


Ҷулиан Ассанҷ
Ҷулиан Ассанҷ

Додгоҳи Британия дар ивази гаравпулӣ, ҳукми озодии бунёдгузори торнамои Викиликс, Ҷулиан Ассанҷ аз ҳабсро содир кард, вале қарор шуд, Ассанҷ то пешниҳод ва баррасӣ шудани шикояти эҳтимолии мақомоти адлияи Шведсия, дар маҳбас боқӣ бимонад. Таври маълум, Ассанҷ дар Шведсия ба зӯрдастии ҷинсӣ алайҳи ду зан айбдор мешавад.

Аммо дар ҳукми додгоҳи Лондон ҳамчунин гуфта мешавад, пас аз раҳоияш аз зиндон низ, Ассанҷ таҳти назорати шабонарӯзии мақомот боқӣ хоҳад монд ва додгоҳ рӯзи 11-уми январ масъалаи истирдоди ӯ ба Шведсияро муҳокима хоҳад кард. Дар ин байн шиносномаи Ассанҷ низ дар дасти полис боқӣ хоҳад монд.

Озодӣ дар ивази гаравпулӣ

Ҳукми озодии бунёдгузори Викиликс дар ивази наздик ба 315 000 доллар гаравпулӣ ва 63 000 доллар тазмини иловагӣ имконпазир шуд ва додгоҳ хост, ин маблағ дар шакли нақд супурда шавад. Маблағро тарафдорони Ассанҷ ҷамъоварӣ ва пардохт карданд. Яке аз вакилони ҳуқуқии Ассанҷ, Марк Стефенс, ба хабарнигорон ва издиҳоме, ки дар назди додгоҳ гирд омада буданд, гуфт, акнун шахси зери ҳимояи ӯ шартҳои сахти ин созишро муроот хоҳад кард:

"Ҳар инсони солим, ки имрӯз дар толори додгоҳ буд, мефаҳмад, ки шартҳои таҳмилшуда бар озодии ҷаноби Ассанҷ ба андозаи кофӣ душворанд ва риояти онҳо низ душвор хоҳад буд, аммо мутлақан ҳаросе мавҷуд нест, ки вай ин шартҳоро муроот нахоҳад кард."

Ҳарҷумарҷи байналмиллалии дипломатӣ

Бунёдгузори торнамои Викиликс, ки дар робита ба ифшои садҳо ҳазор аз барқияҳои махфии Иёлоти Муттаҳида як ҳарҷумарҷи байнулмилалии дипломатиро ба вуҷуд овард, ин ҳафтаро дар маҳбаси Вандворси Лондон мегузаронад. Шаҳрванди 39-солаи Австралия рӯзи 7-уми декабр худро ба полиси Британия таслим кард ва гуфт, аз фармони ҳабси ӯ, ки дар Шведсия содир шудааст, огоҳ аст. Дар Шведсия ӯро ба ҷиноятҳои ҷинсӣ айбдор мекунанд, аммо Ассанҷ ин иттиҳомотро рад карда, онро дорои "ангезаҳои сиёсӣ" медонад. Мақомоти Шведсия ҳақ доранд дар 48 соати баъд аз эълони ҳукми додгоҳи Лондон, аз ин ҳукм шикоят кунанд ва хостори бознигарии он шаванд.

Ҷулиан Ассанҷ: “Ба ғояҳои хеш содиқ хоҳам монд”

Рӯзномаи австралии "Саншайн Кост Нюз" хабар дод, ки модари Ассанҷ ба Лондон парвоз кард, то дар канори фарзандаш биистад. Дар гуфтугӯи телефонӣ бо модараш Ҷулиан Ассанҷ гуфтааст, "эътиқодаш қатъист ва ба ғояҳои борҳои эълонкардаи хеш содиқ хоҳад монд. Ин воқеаҳо қатъияти маро наларзондаанд."

Вакили дигари Ассанҷ, ҳомии саршиноси ҳуқуқи инсон Ҷеффрӣ Робертсон гуфт, мудири Маҳфили журналистии "Хатти ҷабҳа"-и Британия Вафн Смитс ба Ассанҷ пешниҳод кардааст, ки дар қасри ӯ дар ҷануби Англия иқомат гузинад. Смитс гуфт, хайрхоҳии ӯ ба Ассанҷ аз эътиқодаш ба матбуоти озод сарчашма мегирад:

"Масъала азим аст. Он танҳо ба озодии матбуот рабт надорад. Интернет низ дахил аст. Ман фикр мекунам, ҳамчун журналист мо бояд аз эҳтимоли қонунгузориҳое хеле нигарон бошем, ки метавонанд,озодии амали моро ҳамчун журналист маҳдуд кунанд. Ба фикри ман, ҷаноби Ассанҷ як оинаи бузургеро дар баробари журналистон гузошт ва бисёр журналистон, ки ман бо онҳо сӯҳбат кардам, аз манзарае, ки дар он мебинанд, хеле нигаронанд, ки баъзеҳо ба ҳукумат ба гунае наздиканд, ки бисёре аз мо намехоҳем бошем."

Нигаронии кишварҳо аз шеваи фаъолияти Викиликс

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида ба як силсила ҷурмҳои ҷиноӣ менигарад, ки мумкин аст, алайҳи Викиликс корбаст шаванд, аммо иттиҳоми вакилони Ассанҷро, ки парвандаи Шведися таҳти фишори Иёлоти Муттаҳида ба миён омадааст, рад мекунад.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида, Британия ва давлатҳои дигар Викиликсро ба он айбдор карданд, ки амнияти нерӯҳо, намояндагони давлат ва куллан амнияти миллии онҳоро зери хатар мегузорад. Аммо дастандаркорони Викиликс ин иттимоҳотро рад мекунанд.

Дар ҳафтаҳои охир як силсила ширкатҳои мустақар дар Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла ширкатҳои корти эътибории Виза ва Мастеркард, ҳамчунин торнамои Амазон ва Пейпал таҳти фишори ҳукумати Амрико равобити худ бо Викиликсро қатъ карданд. Хадамоти молиявии пусти Швейтсария гуфт, ҳафтаи гузашта баъд аз бастани ҳисоби бонкии Ассанҷ, ҳадафи ҳамлаҳои электронӣ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG