Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии Сенегол ва Гамбия аз ҳамкорӣ бо Эрон


Кишвари Сенегол дар ғарби Африқо эълом дошт, ки сафири худ дар Эронро дар робита бо ғасби аслиҳаи фиристодаи Эрон аз тарафи Нигерия барои машварат фаро мехонад. Ҳамсояи Сенегол, Гамбия бо айни эътироз равобити худро бо Эрон қатъ кард. Аслиҳае, ки Эрон барои Гамбия фиристода буд, дар Нигерия мусодира гардид. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Сенегол гуфта мешавад, ташреҳи Эрон дар ин бора "ғайриқаноатбахш" аст. Эрон зимни таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал бо маҳдудиятҳои экспорти силоҳ рӯбарӯст.
XS
SM
MD
LG