Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко Амрикоро ба беҳбуди равобит даъват кард


Раисиҷумҳури Беларус аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, муносибатҳояш бо Беларусро мӯътадил гардонад. Александр Лукашенко дар ростои интихоботи президентии кишвараш ҳамчунин гуфт, Вошингтон бояд Беларусро коршарики хеш шуморад ва аз фишор даст бардорад. Иёлоти Муттаҳида зидди Беларус таҳримҳое ҷорӣ кардааст, ки қарор аст, ба ислоҳоти демократӣ мусоадат кунанд. Лукашенко ба ин кишвари 10-миллионнафарӣ аз соли 1994 ба ин сӯ раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG