Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон


Дар аввалин ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон, ки рӯзи душанбе дар шаҳри Брусел доир шуд, ҳамкориҳо дар бахши иқтисод, энержӣ, амният ва ҳифзи ҳуқуқи башар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар ин нишаст ҳайати Иттиҳодияи Аврупоро вазири корҳои хориҷии Маҷористон Янош Мартонӣ ва ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҳамрохон Зарифӣ раҳбарӣ мекарданд.

Иттиҳодияи Аврупо дар ин ҷаласа ба зарурати идомаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ишора намуда, таъкид кардааст, ки ҳукумати ин кишвар бояд саъйу талоши мубориза бо фасод ва беҳбуди фазои сармоягузориро тақвият бахшад.

Баррасии вазъи амнияти Тоҷикистон


Яке аз мавзӯъҳои меҳвари ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупову Тоҷикистон вазъи амниятии Тоҷикистон буд.

Иттиҳодияи Аврупо изҳор намудааст, ки кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини назму суботи ин кишварро дастгирӣ мекунад. Дар айни замон Иттиҳодия таъкид намудааст, ки раванди таъмини назму суботи ҷумҳурӣ бояд бар пояи ҳокимияти қонун ва ӯҳдадориҳои кишвар дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо содиқ монад. ИА ҳамчунон изҳор намудааст, ки ҳозир аст дар дар дастгирии рушди ниҳодҳои демократии Тоҷикистон саҳм гирад.

Пиер Морел, фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ
Фоли нек барои ҳамкориҳои дуҷониба


Пиер Морел, фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ, дар як сӯҳбати хос бо Радиои Озодӣ оғози фаъолияти шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистонро фоли нек унвон кард.

Ӯ гуфт: “Ҳоло мо як сохтори хубе бунёд намудем ва вохӯриҳои мо муназзам хоҳанд буд. Мо масъалаҳои мухталиф аз ҷумла масъалаҳои марбут “Ташаббуси ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ”-ро дар доираи семинарҳо, нишастҳои коршиносон ва амсоли он баҳс мекунем. Хулоса, як имкони иловагии баррасиву тавсеаи ҳамкориҳо пайдо шуд, ки мо дар давоми солҳои ахир ба он ниёз доштем.”

Баҳси масоили обу энержии Осиёи Марказӣ

Дар ҷаласаи аввали Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоияи Аврупову Тоҷикистон табодули назар пиромуни масъалаҳои марбут бо обу ва энергетикаи минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифтааст ва ҷонибҳо рӯи аҳамияти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун василаи ҷилавгирӣ аз низоъҳо ишора кардаанд.

Дар изҳороти Шӯро, ки рӯзи душанбе пахш шуд, зикр гардидааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд дар ҷустуҷӯи ҳалли даромуддати масъалаҳои марбут истифодаи захираҳои обу энергетика бошанд, ки манфиати тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро мадди назар гирад.

Пиер Морел дар посух ба ин суол, ки оё Иттиҳодияи Аврупо дар масъалаи такмили нерӯгоҳи Роғун чӣ назар дорад, гуфт: “Мо бо сабабҳои маълум ин масъаларо доимо бо ҳар ду тараф арзёбӣ мекунем. Мо таъкид мекунем, ки пажӯҳиши зери назорати Бонки Ҷаҳонӣ хеле муҳим буда, барои мо ҳамчун унсури калидии ҳалли мушкилӣ ба шумор меравад. Дар рӯзҳову ҳафтаҳои оянда паҳлӯҳои мухталифи масъала пажӯҳиш мешаванд ва мо бар пояи он ҳаракат хоҳем кард. Мо бо Бонки ҷаҳонӣ робитаи зич барқарор кардаем. То ҷое медонед, ҳар ду тараф ҳам иброз доштаанд, ки хулосаи Бонки Ҷаҳониро эътироф мекунанд ва ин хеле ҳам муҳим аст.“

Ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон бахше аз стратегияи умумии Иттиҳодияи Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин чаҳорчӯб моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ зери унвони “Ташаббуси ҳуқуқи башар” барпо шуда буд.
XS
SM
MD
LG