Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Канкун тарҳи чораҳо алайҳи гармшавии иқлим пазируфта шуд


Дар конфаронси байнулмилалӣ бахшида ба тағйири иқлим дар шаҳри Канкуни Мексика нақшаи амал алайҳи гармшавии иқлим пазируфта шуд. Бар пояи ин тарҳ, кишварҳои ширкаткунандаи нишаст ӯҳдадор шудаанд, ки то соли 2020 барои кӯмак ба кишварҳои фақир дар самти дифоъ аз муҳити зист 100 миллиард доллар ҷамъ меоваранд. Патрисия Эспиноса, вазири умури хориҷии Мексика изҳор намуд, ки “давраи нави ҳамкориҳои байнулмилалӣ дар бахши ҳифзи иқлим боз шудааст”.
Дар ин нишаст, ки сарпарастии онро Созмони Милали Муттаҳид бар ӯҳда дошт, ҳайатҳои тақрибан 200 кишвар ширкат намуданд. Ба ҳайати Тоҷикистон масъулини вазорати ҳифзи муҳити зист ва донишмандону мутахассисон шомил буданд. Дар чаҳорчӯби нишасти Канкун мушкили обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG