Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркише дар Қундуз панҷ низомии афғон захмӣ шуданд


Бар асари инфиҷори мошини ҳомили маводи мунфаҷира аз сӯи як маргталаб дар вилояти Қундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистон, панҷ низомии афғон ва се сокини осоишта ҷароҳат бардоштанд. Ин ҳодиса дар канори пойгоҳи низомии Қундуз рӯх дод. Ба иттилоъи расмӣ, маргталаб мошинеро тарконид, ки қаблан онро афроди мусаллаҳи ношинос аз кормандони полис рабуда буданд.
Як рӯз аз ин пеш дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, автобус бо сокини маҳаллӣ ба мина бархурда инфиҷор кард. Дар ин ҳодиса 15 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG