Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Галилео" аз Брюссел ба Прага мекӯчад


Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт, ки дафтари Бунгоҳи системи маҳвораии “Галилео”-ро дар шаҳри Прага, пойтахти ҷумҳурии Чех, мустақар намояд. Дар ин бора Петр Нечас, сарвазири Ҷумҳурии Чех, дар як мусоҳиба бо телевизионии давлатӣ хабар дод ва гуфт, ки "ин комёбӣ барои Ҷумҳурии Чех ва хабари хело хуш аст, зеро акнун фановариҳои ҷадидтарин вориди Чехия мешаванд ва яке аз пешрафтатарин системҳои фановарии Иттиҳодияи Аврупо аз ин баъд аз ин ҷо, аз қаламрави Ҷумҳурии Чех, идора хоҳад шуд".
Дафтари Бунгоҳе, ки рӯи таҳияи системи “Галилео” кор мекунад, аз ин пеш дар Брюссел ҷойгир буд. Системи маҳвораии “Галилео”, ки қарор аст бо системи феълии GPS рақобат кунад, соли 2014 фаъол хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG