Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян ва Маскав вазъ дар нимҷазираи Кореяро баррасӣ мекунанд


Пак И Чун, вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ, ба хотири баррасии авзоъ дар нимҷазираи Корея бо мақомоти Русия, имрӯз вориди шаҳри Маскав шуд.
23 ноябр низомиёни Кореяи Шимолӣ сӯи як ҷазираи марзии Кореяи ҷанубӣ аз тӯп гулула андохтанд, ки бар асари он чаҳор нафар, ду низомӣ ва ду сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса ду кишвари ҳамсояро дар ҳоли омодабош ба ҷанг қарор дод.
Русия яке аз шаш кишвари ворид ба музкирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи шимолист.
XS
SM
MD
LG