Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов: СПАД бояд ба низои байни аъзояш дахолат накунад


Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, гуфт вазифаи созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ пеш аз ҳама мудоифиаи аъзояш аз таҳдидҳои берунааст, на ширкат дар баҳси байни аъзои он ё ҳалли рӯёрӯии ин аъзо дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мушатаркулманофеъ. Вай афзуд, Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳамчунин набояд ба ҳолатҳое, ки "хушунатҳои дохилӣ" шумурда шуда, дар қаламрави ин ё он узви он иттифоқ меафтанд, дахолат кунад ё таъсиргузор бошад. Каримов гуфт, мутмаин аст, ки вазъ дар ҷануби Қирғизистон ба шарофати бастани марзи Узбакистон бо ин минтақа ба эътидол омад. "Агар як низомии Узбакистон, Қазоқистон ё Русия аз марзи Қирғизистон мегузашт, сӯхторе бапо мешуд, ки хомӯш карданаш мушкил буд," гуфт Каримов дар ҷаласаи сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав. Ҳамзамон Каримов гуфт, ҳайати Узбакистон ба зери бархе аз асноди нави Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ин ҳамоиш имзо нахоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки сарони кишварҳои узви ин паймон имрӯз дар Маскав зиёда аз 30 ҳуҷҷати нав, аз ҷумла шеваи вокуниш ба ҳолатҳои бӯҳронӣ дар кишварҳои узвро ба тасвиб расонданд.
XS
SM
MD
LG