Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси чаҳоргонаи зидди маводи мухаддири Афғонистон


Ниҳодҳои назорат бар гардиши маводи мухаддири чаҳор кишвар -- Русия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон қарордоди таҳкими ҳамкорӣ барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро ба имзо расонданд, ки баргузории амалиёти муштараки чаҳорҷониба ва омӯзишу парвариши мутахассисонро дар назр дорад. Ин созишнома ба дунболи як рейди бесобиқаи муштараки нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида, Афғонистон ва ҷосусони Русия дар марзи Покистон дар моҳи октябр ба миён омадааст. Афғонистон 90 дардсаи афюни ҷаҳонро тавлид мекунад ва Русия борҳо аз ҳарбиёни Амрико даъват кардааст, мубориза бо кишут парвариши хашхош дар Афғонистонро густариш диҳад. Тоҷикистон борҳо хостори бунёди як камарбанди амниятии зидди маводи мухаддир дар минтақа шудааст.
XS
SM
MD
LG