Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни талошҳои Амрико ба қатъи шаҳраксозии Исроил


Иёлоти Муттаҳида талошҳои худро барои мутақоид кардани Исроил ба қатъи шаҳраксозӣ дар қаламравҳои ишғолии Каронаи Бохтарӣ поён додааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида. Филип Кроулӣ, дар шарҳи ин тасмим гуфт:

"Мо як муддат фикр мекардем, ки таҳрими шаҳраксозӣ ва тамдиди он як фишанги хуби пешбурди муколамаи бомӯҳтаво ва давомдори байни тарафҳо буда метавонад. Мо ба натиҷае расидем, ки ин беҳтарин заминаи пешрафт нест."

Кроулӣ афзуд, Иёлоти Муттаҳида роҳҳои бозгашт ба гуфтушунидҳои ғайримустақимро баррасӣ мекунад. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба гуфтушуниди мустақим, ки дар моҳи сентябр оғоз ёфт, сарпарастӣ мекард. Дар посух ба хабари нав як мақоми фаластинӣ, бидуни зикри ном гуфтааст, Исроил сулҳро рад кард.
XS
SM
MD
LG