Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Будҷаи изтирории Ирландия барои райдиҳӣ омода шудааст


Браян Лениҳан-вазири молияи Ирландия будҷаи изтирории ин кишварро барои соли 2011 муаррефӣ кард. Вай гуфт, Ирландия дар таърихи худ бояд дар баъзе бахшҳо будҷаро кам кунад ва андоз ё молиётро боло бибарад. Дар назар гирифта шудааст, ки масорифи будҷа 4,5 миллиард евро камтар шавад, дар сурате, ки аз ҳисоби боло бурдани молиёт 1,5 миллиард евро даромад пешбинӣ шудааст. Лениҳан гуфтааст, анҷоми ин тадобир ногузир аст, зеро кишвар бояд аз бӯҳрони қарз ва муфлисӣ раҳоӣ ёбад.
XS
SM
MD
LG