Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё нерӯҳояшро аз Афғонистон бозпас мехонад


Сарвазири Британия Дейвид Камерон ҳини мулоқот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай
Сарвазири Британия Дейвид Камерон ҳини мулоқот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай

Сарвазири Британия Дейвид Камерон мегӯяд, имкон дорад, сар аз оғози соли оянда бозгашти сарбозони ин кишвар аз Афғонистон шурӯъ шавад. Ин паёми Камерон аснои сафари ғайримунтазираи ӯ ба Афғонистон интишор гашт.

Сарвазири Британия Дейвид Камерон мегӯяд, эҳтимол сар аз оғози соли нави 2011-ум амалиёти бозгашти сарбозони ин кишвар аз Афғонистон шурӯъ шавад. Сафари Камерон ба Афғонистон 6-уми декабр оғоз ёфт. Сарвазири Британия ибтидо дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, бо сарбозони ҳамватанаш дидору гуфтугӯ дошт.

Аз миёни нуҳуним ҳазор афсару сарбози Британия, ки дар Афғонистон ифои вазифа мекунанд, аксарият дар Ҳилманди ноором мустақар мебошанд. Рӯзи сешанбе дар Кобул Камерон бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай мулоқот кард.

340 куштаи нерӯҳои Британия дар Афғонистон


Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон камаш 340 сарбози Британия ҳалок шуда, дар миёни аҳолии Британия пуштибонӣ аз он коҳиш ёфтааст. Аз замони қабули мансаби сарвазир Камерон ваъда додааст, ки то соли 2015-ум беруншавии комили сарбозони ин кишвар аз Афғонистонро таъмин мекунад.

Дар Кобул ҳангоми сӯҳбати муштараки Карзай ва Камерон бо рӯзноманигорон сарвазири Британия изҳор намуд, ки дар давоми 9 соли ҷанг дар Афғонистон пешрафти зиёд ба чашм мехӯрад ва дар соли 2011-ум ин дастовард бояд бебозгашт шавад.

Ба қавли Камерон, ҳамаи аъзои паймони НАТО мувофиқат кардаанд, ки дар давраи гузариш тадриҷан таъмини амнияти Афғонистонро ба нерӯҳои афғон вогузор намоянд. Тахмин мешавад, ки ин раванд соли оянда оғоз ёфта дар соли 201-ум такмил ёбад.

“Пуштибони собитқадами Афғонистон”

Сарвазири Британия афзуд: “Ман бо чашми худ пешрафтамон дар вилояти Ҳилмандро мушоҳида кардам. Ман бо президент Карзай барномаи тақдими масъулияти таъмини амният ба нерӯҳои афғон ва равобити дарозмуддат миёни ду кишварро баҳс кардам. Мо ҳамчунон авлавиятҳои муштаракамон барои соли 2011-умро, ки бояд дар ин маърака муҳим бошад, арзёбӣ кардем.”

Дар идомаи нишасти матбуотӣ президенти Афғонистон бо ишора ба маълумоти махфӣ, ки тариқи сомонаи Викиликс нашр шудаву ба мавҷудияти ихтилоф миёни нерӯҳои Британия бо мақомоти афғон таъкид меварзад, гуфт: “Баъзе санадҳои Викиликс воқеият доранду баъзеашон не. Британия пуштибони собитқадами Афғонистон ва мардуми Афғонистон аст. Британия баҳри назму суботи Афғонистон сарбозонашро дареғ надошта, бо хуну захираҳояш талош варзидааст ва мардуми афғон онро ба таври фавқулода қадрдонӣ мекунад.”

Вале ИМА нерӯҳояшро такмил медиҳад

Зимнан рӯзи сешанбе вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс ҳам ба Афғонистон сафар кард. Ӯ мулоқот бо раҳбари афғон ва фармондеҳони амрикоии мустақар дар Афғонистонро мадди назар гирифтааст.

Гейтс арзёбии ҳузури нерӯҳои иловагии ИМА дар Афғонистон такмил хоҳад кард. Соли гузашта президенти ИМА Барак Обама фармон дод, ки барои таҳкими назму суботи Афғонистон ба ин кишвар 30 ҳазор сарбози тозанафас фиристода шавад. Ҳоло Гейтс бояд посух диҳад, ки оё ҳузури ин сарбозон чӣ беҳбуде овардааст.

Аз 150 ҳазор низомии нерӯҳои байналмилалӣ, ки таъмини амнияти Афғонистонро бар дӯш доранд, беш аз нисфи онро амрикоиҳо ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG