Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши пайдо кардани газ аз майдони Сариқамиш


Дар майдони Сариқамиш, воқеъ дар 36 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе, маросими шикофтани чоҳи гази “Шаҳринав -1” баргузор шуд. Дар ин маросим Алексей Миллер, раиси ширкати “Газпром”-и Русия, ширкат дошт. Умқи чоҳи майдони Сариқамиш 6 ҳазор метрро ташкил медиҳад ва дар он, ба гуфтаи мутахассисон, аз 60 то 80 миллиард метри мукааб газ маҳфуз аст.
Алексей Миллер, раиси ширкати “Газпром” субҳи рӯзи сешанбе баъд аз мулоқот ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба хабарнигорон бо такя ба пажуҳиши мутахассисон гуфт, ки захоири гази табиии Тоҷикистон метавонад панҷоҳ сол ниёзмандиҳои кишвар ба ин маводи сӯхтро бароварда созад.
XS
SM
MD
LG