Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба корвони мошинҳои узви ҳукумати Покистон


Дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, корвони мошинҳои узви ҳукумат Навоб Аслам Раисонӣ ҳадафи ҳамлаи як маргталаб қарор гирифт. Бар асари ин ҳамла як кас кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ба худи мансабдори воломақом осебе нарасидааст.
Масъулияти ҳамларо касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Балуҷистон, ки бо Афғонистон ва Эрон ҳаммарз аст, аз вилоёти ноороми Покистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG