Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Continental Airlines-ро дар суқути Конкорд айбдор хонд


Додгоҳи Фаронса имрӯз ширкати Continental Airlines -ро дар суқути ҳавопаймои "Конкорд" дар канори Порис дар даҳ соли пеш айбдор кард. Бо ҳукми додгоҳ ширкат бояд ба маблағи 200 ҳазор евро ҷарима пардохт кунад. Як корманди техникии Continental Airlines ба мӯҳлати 15 моҳ шартан аз озодӣ маҳрум гардид. Ҳамчунин ин ширкат бояд ба Air France як миллион евро барои хисороти маънавӣ пардохт намояд.
Ва аммо намояндаи Continental Airlines изҳор намуд, ки ширкат бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва бознигарии парвандаро талаб хоҳад кард.
Ҳавопаймои “Конкорд”-и ширкати Air France моҳи июли соли 2000 чанд лаҳза баъд аз парвоз аз фурудгоҳи Порис ба замин уфтод. Дар ин ҳодиса ҳамаи 109 мусофиру сарнишини ҳавопаймо ва чаҳор нафари дигар дар замин ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG