Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ИМА аз Чин барои баррасии вазъ дар нимҷазиряи Корея


Вошингтон аз Пекин даъват намуд, то мавзӯъи ташаннуҷ дар нимҷазираи Кореяро баррасӣ кунанд. Ба иттилоъи Кохи Сафед, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар сӯҳбати телефонӣ бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао изҳор намуд, Чин ҳамроҳ бо Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳо бояд ба мақомоти Кореяи Шимолӣ паём диҳад, ки дасисабозиҳо аз сӯи Пхенян қобили қабул нест.
Вазъ дар ин минтақа баъд аз тирборон шудани қаламрави Кореяи Ҷанубӣ аз сӯи Кореяи Шимолӣ ноором шуд. Дар ин ҳодиса чаҳор нафар, аз ҷумла. ду сокини осоишта ба ҳалокат расиданд.
Имрӯз Кореяи Ҷанубӣ тамринҳои ҳарбӣ-баҳриро шурӯъ намуд. Интизор меравад, ки авзоъ дар нимҷазираи Корея имрӯз дар Вошингтон дар музокироти вазирони умури хориҷии Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG