Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони ВКД Тоҷикистон ва Русия ҷаласа мекунанд


Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи муштараки ҳайатҳои мушовараи вазоратҳои корҳои дихилаи Тоҷикистон ва Русия роҳҳои мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ ва муҳоҷирати кории ғайриқонунӣ баррасӣ мешавад. Дар ин ҷаласа ҳайати Русия зери сарпарастии Рашид Нургалиев-вазири дохилаи Русия ширкат мекунад. Ҳоло дар Русия дар донишгоҳҳои марбут ба вазорати дохилаи Русия бештар аз 100 нафар ҷавонони тоҷик аз вазорати дохилаи Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Ҷониби Русия мегӯяд, бояд дар қаламрави ҳар ду кишвар барои ҷалби созмонёфтаи муҳоҷирони корӣ марказҳо ташкил шавад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст.
XS
SM
MD
LG