Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Исроил аксаран фурӯ нишонда шуд


Исроил мегӯяд, сӯхторнишонҳо алакай бахши аъзами сӯхтори пурқурбониеро, ки се рӯз қабл оғоз ёфта, ҷангалистони Камел дар шимоли ин кишварро ба коми худ кашид, фурӯ нишондаанд. Вазири амнияти иҷтимоии Исроил Исҳоқ Ааронович гуфтааст, ин бузургтарин оташсӯзии табиӣ дар таърихи кишвар қариб комилан зери назорат омадааст. Ӯ изҳори умед карда, ки то чанд соати дигар сӯхтор комилан фурӯ нишонда шавад.
Барои фурӯ нишондани ин сӯхтор, ки алакай ҷони 41 нафарро гирифт, ҳавопаймоҳои сӯхторнишон аз Русияву Туркияву Юнон ва Бритониёву Фаронса ҷалб шуда, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос низ ба Исроил пешниҳоди кумак кардааст. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу барои ин аз Аббос изҳори сипос кард. Пулиси Исроил мегӯяд, ду навраси 16-соларо, ки гумон меравад, сӯхтор аз беэҳтиётии онҳо сар задааст, дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG