Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Эрон аз суханони Ҳилларӣ Клинтон


Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар нишасти амниятии Баҳрайн изҳороти Ҳилларӣ Клинтон, ҳамтои амрикоии худ дар мавриди ҳаққи Эрон аз бархурдории энержии ҳастаии сулоҳомезро «як гоми ба пеш» тавсиф кард.

Ҳилларӣ Клинтон, ки дар суханронии худ дар Манама бар ҳаққи Эрон барои доштани энержии сулҳомези ҳастаӣ таъкид карда буд, илова бар он дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии ББС низ гуфта буд, ки дар сурати эътимодсозӣ, Эрон метавонад дар оянда ба ғанисозии уранюм ҳам бипардозад.

Ҳилларӣ Клинтон ва Манучеҳр Муттакӣ дар канори масъулони баландпояи беш аз 23 кишвари дигар, аз рӯзи ҷумъа барои ширкат дар нишасти амниятии Манама ба пойтахти Баҳрайн сафар кардаанд ва бино ба гузоришҳо, дар ин нишаст Манучеҳр Муттакӣ кӯшиш кардааст аз нигаронии аъроб нисбат ба «хатари Эрон» бикоҳад.

Хонум Клинтон рӯзи ҷумъа дар Манама бо таъкид бар «ҳаққи Эрон барои доштани як барномаи ҳастаии сулҳомез» хитоб ба ҳайати эронӣ гуфт, ки Теҳрон бояд «тамом ва камоли нигарониҳои ҷаҳонӣ дар бораи барномаи ҳастаии худро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад.»

Вазири умури хориҷаи ИМА афзуд, ки умедвор аст Теҳрон душанбеи оянда бо «ҳусни ният» бо гурӯҳи 5+1 дар бораи барномаи ҳастаии худ ба гуфтугӯ бинишинад ва таъкид кард, ки пешниҳоди Борак Обама барои ҳамкорӣ бо Эрон ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст.

Ҳилларӣ Клинтон рӯзи ҷумъи низ дар гуфтугӯе бо шабакаи хабарии ББС бо такрори ин мавзеъ ҳатто эълом кард, ки Эрон агар нишон диҳад ба равиши масъулона ва созгор ба тааҳҳудоти байналмиллалиаш ба ғанисозии уранюм мепардозад, метавонад дар оянда барои мақcадҳои ғайринизомӣ ин корро бикунад.

Давлатҳои мухталифи ИМА маъмулан ба ҳаққи Эрон барои истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ ишора мекунанд, аммо дар мавриди қоил будани ҳаққи ғанисозии уронюм барои Эрон пеш аз ин камтар сухан гуфтаанд.

Ба гузориши хабаргузориҳо, Манучеҳр Муттакӣ рӯзи шанбе дар мавриди таъкиди Ҳилларӣ Клинтон бар ҳаққи Эрон барои доштани як барномаи ҳастаии сулҳомез дар нишасти матбуотии худ дар Манама гуфт: « Баёни ин калом, ки ҳаққи ҷумҳурии исломии Эрон дар бархурдорӣ аз фановарии ҳастаӣ аз сӯи касоне, ки мегуфтанд, Эрон набояд ба сӯи энержии ҳастаӣ пеш биравад, як гом ба пеш аст.»

Вай афзуд, ки агар гуфтугӯҳои ҳафтаи оянда бо 5+1 аз масъалаи барномаи ҳастаии Эрон фаротар равад ва «дастури кори Эрон»-ро низ дар бар бигирад, ҷумҳурии исломӣ мумкин аст пешниҳоди анҷоми гуфтугӯҳои бештаре бо ИМА ва ҳампаймононашро бидиҳад.

Гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон бо гурӯҳи мавсум ба 5+1 саранҷом пас аз беш аз як соли таваққуф, рӯзи душанбеи 6-уми декабр дар шаҳри Женева аз сар гирифта мешавад.
XS
SM
MD
LG