Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи боздиди Гелонӣ аз Кобул


Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ бо як сафари дурӯза вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд. Қарор аст, Гелонӣ бо мақомоти аршади афғон, аз ҷумла бо раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай, масоили тавсиаи тиҷорат байни ду кишвар ва роҳҳои беҳбуди мубориза бо тундравонро баррасӣ кунад. Ширкати ӯ дар расми ифтитоҳи бинои нави сафорати Покистон дар Кобул низ дар назар гирифта шудааст.
Боздиди Гелонӣ аммо дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки равобити Кобулу Исломобод як марҳалаи ҳассос ва пуртанишеро пушти сар мекунад. Мақомоти Афғонистон ин кишвари ҳамҷаворро ба муборизаи нокофӣ бо ҷангиёне, ки дар хокаш паноҳ мебаранд, айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG