Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вузарои хориҷӣ авзоъ дар Кореяро баррасӣ мекунанд


Рӯзи душанбеи оянда вазирони умури хориҷии ИМА, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар нишасте дар Вошингтон масоили марбут ба авзоъ дар нимҷазираи Кореяро баррасӣ мекунанд. Ахиран Чин, ҳампаймони асосии иқтисодӣ ва сиёсии Кореяи Шимолӣ, хостори эҳёи машваратҳои қатъшудаи шаш кишвар – Амрико, Русия, Чин, Ҷопон ва Кореяҳои Ҷанубиву Шимолӣ оид ба барномаи ҳастаии Пхенян шуд. Ва аммо Кохи Сафед ин пешниҳодро рад кард ва гуфт, ки Кореяи Шимолӣ бояд содиқ буданаш ба созишҳои қаблан қабулшударо собит кунад.
Баъд аз ҳамлаи тӯпхонаи Кореяи Шимолӣ ба як минтақаи наздимарзии Кореяи Ҷанубӣ, ки бар асари он чаҳор нафар, аз ҷумла, ду сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Пхенян ва Сеул дар ҳоли омодабош ба ҷанг қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG