Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хориҷиён бозорҳои Русияро тарк хоҳанд кард


Ҳукумати Русия аз соли оянда истифодаи нерӯи кории хориҷӣ дар бахшҳои тиҷорати машруботу дорувор, дар бозорҳову дуконҳо ва ҳамчунин дар хариду фурӯши берун аз мағозаҳоро манъ кардааст. Дар ин бора сомонаи интернетии ҳукумати Русия хабар дод. Ташреҳи ин тасмим бар дӯши вазорати ҳифзи сиҳат ва рушди иҷтимоии кишвар вогузор шудааст.
Бештари муҳоҷирони корӣ аз Қафқозу Осиёи Миёна ва ҳамчунин аз Чину Виетнам асосан дар бозорҳои молу коло ва маводи озуқаи Русия кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG