Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо ба эҳёи нақши САҲА дар нишасти Остона


Раҳбарони ҷаҳон имрӯз дар нишасти САҲА дар Остонаи Қазоқистон ба эҳёи нақши ин созмони иборат аз 56 кишвар, ки дар солҳои 70 о ҳадафи пешгирӣ аз низоъҳо ва ташвиқи гуфтугӯ байни ду ҷониби Ҷанги сард таъсис ёфта буд, даъват карданд. Нишасти Остона нахустин ҳамоиши САҲА дар чунин сатҳи баланд дар 11 соли охир маҳсуб мешавад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз ҷумла хостори нақши муассиртари САҲА ва таваҷҷӯҳи бештараш ба масоили ҳуқуқи башар ва озодиҳои инсонӣ шуд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳушдор дод, ки САҲА акнун батадриҷ зарфиятҳояшро аз даст медиҳад. Дар Остона масоиле, чун ошӯбҳои ахир дар Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли низоъ дар манотиқи ҷудоиталаби Трансднестри Молдова, Қаробоғ ва Осетияи ҷанубиву Абхозистон, баҳс хоҳанд шуд.
Дар нишасти САҲА дар Остона, қарор аст, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG