Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойфишории Обама барои тасвиби созиш бо Русия аз сӯи Сенат


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, пойфишорӣ барои тасвиби ҳарчӣ зудтари созиши нави коҳиши силоҳи стратегӣ миёни Амрикову Русия аз сӯи Сенатро идома медиҳад. Ба ин мавзӯъ ӯ ахиран дар мулоқот бо раҳбарони Конгресси Амрико дар Кохи Сафед бори дигар таъкид кард. Барак Обама гуфт, ки тасвиби созиши нави коҳиши силоҳи стратегӣ миёни кишвар ва Русияро барои амнияти миллии Амрико басо муҳим мехонад.
Бархе аз сенаторҳо аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки дар интихоботи ахири миёнадавраӣ ба Конгресс пирӯз шуд, ба тасвиби ин созиш мухолифат мекунанд. Демократҳо талош доранд, ки то навшавии Сенат, ба тасвиби созиш дар парлумон муваффақ шаванд.
XS
SM
MD
LG