Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Медведев аз мусобиқаи таслиҳотӣ дар оянда


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ҳушдор дод, ки бо вуҷуди ба даст омадани созишнома дар бораи системи нави дифои зидди мушакӣ бо Ғарб, "дар даҳсолаи оянда" мусобиқаи таслиҳотӣ оғоз мешавад. Вай ин нуктаро дар паёми солонаи худ ба ҳар ду маҷлиси порламони кишвараш изҳор дошт. Ин паём ба таври зинда аз телевизиони Русия пахш шуд. Медведев дар ин паём эътироф кард ки ҳанӯз пайомадҳои бӯҳрони сартосарии молӣ рафъ нашудааст:

"Вазъи иқтисодӣ ҳанӯз ҳам печида аст. Ҳамаи пайомадҳои бӯҳрон рафъ нашудааст. Мо онро бояд эътироф кунем. Вале мо ҳамчунон ӯҳдадориҳои иҷтимоии худро бидуни шубҳа иҷро мекунем".


Вале Медведев гуфт, ки ба ҳукумати вай муяссар шудааст, ки суботи иқтисодиро дар Русия таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG