Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони САҲА дар Остона шурӯъ мешавад


Пагоҳ мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви САҲА дар Остона-пойтахти Қазоқистон ба кори худ оғоз мекунад. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар баробари раҳбарони кишварҳои узв дар ин мулоқт ширкат меҷӯяд. Вай имрӯз бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Эркин Раҳматуллоев-мушовири давлатии худ дар умури сисёсиву хориҷӣ вориди Остона шуд. Дар мулоқоти Остона раҳбарони 56 кишвари узв, аз ҷумла 38 раиси ҷумҳур, як муовини раиси ҷумҳур, 7 муовини нахуствазир ва 14 вазир ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ин мулоқот бо раҳбарони баъзе кишварҳо дидор ва гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG