Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми расмии мавсими пахтачинӣ дар Тоҷикистон


Мавсими пахтачинӣ дар Тоҷикистон расман поён ёфт.
Тоҷикистон имсол барои бори нахуст аз соли 1991 ба ин сӯ, нақшаи пахтаашро иҷро кард. Бино бар хабари “Азия Плюс”, имсол аз 160 000 ҳектар замини кишти пахта дар кишвар 310 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки назар ба 300 000 тоннаи нақша 3,2 дарсад бештар аст. Ба гуфтаи мақомоти вазорати кишоварзӣ, ҳосилнокӣ аз ҳар ҳектар низ афзуда, 19,1 сентнерро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG