Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯш 4 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд


Як мақоми амниятии қирғиз гуфт, дар ҷараёни амалиёти вижаи нирӯҳои амниятӣ алайҳи як паноҳгоҳ дар шаҳри Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон 4 ҷангии исломӣ кушта шуданд. Раҳбари Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов гуфт, 3 тан аз ҷангиён аз тири пулис ва чорумӣ бар асари таркиши норинҷак кушта шуданд. Ӯ афзуд, дар ин даргирӣ 2 маъмури пулис низ ҷароҳат бардоштаанд. Сухангӯи пулиси маҳаллӣ гуфт, ҳадафи амалиёт аъзои гурӯҳи манъшудаи мазҳабии Ҳизб-ут-Таҳрир буд.
Дар моҳи июн Ӯш як нуқтаи хушунатҳои қавмӣ байни узбакҳову қирғизҳо буд, ки беш аз 400 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG