Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи телефонии Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов


Президентҳои Русия ва Узбакистон, Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов дар як гуфтугӯи телефонӣ равобити дуҷониба ва вазъи амниятии Осиёи Марказиро баррасӣ карданд. Хадамоти матбуотии Кремл мегӯяд, онҳо махсусан ба зарурати ҳифзи эътидол дар Қирғизистон ва пешгирӣ аз такрори ҳаводиси моҳи июн дар ҷануби ин кишвар таъкид намуданд. Медведев ва Каримов аз "тафоҳум тарафайн" дар ин масъала изҳори қаноатмандӣ карданд ва ба созиш расиданд, ки ҳамоҳангиро дар ин самт идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG