Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барросо эҳтимоли бӯҳрон дар Португалияро рад кард


Раиси Кумиссюни Аврупо, Хосе Мануел Барросо хабарҳоро, ки гӯё фурӯафтӣ ба бӯҳрони молиявӣ акнун навбати Португалия аст, рад кард. Вай ҳамчунин гуфт, ҳеҷ гуна нақшаи раҳоии Португалия аз чунин пешомад таҳия ё баррасӣ нашудааст. Ҳукумати Португалия низ ин хабарҳоро рад кард. Аммо дар тасвиби буҷаи соли 2011-и худ дар порлумони Португалия, ҳукумати ин кишвар ба афзоиши андоз, коҳиши музди кор ва ёрдампулиҳо такия намудааст, ки чунин шубҳаву гумонро ба миён овард. Нақшаи наҷот аз бӯҳрон бо мадади Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байнулмилалии Пул дар моҳҳои охир нисбати Ирландия ва пештар Юнон ба тасвиб расида буд.
XS
SM
MD
LG