Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путину Раҳмон аз эътимод сӯҳбат карданд


Владимир Путин гуфт, ки пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон омили муҳими таъмини субот дар минтақа буда чун рамзи эътимоди байниҳамдигарии кишварҳо хизмат мекунад. Нахуствазири Русия бо чунин изҳорот дар ҷараёни музокираҳои миёни ҳукуматҳои Маскаву Душанбе баъди анҷоми нишасти раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар пойтахти Тоҷикистон суханронӣ кард. Путин гуфт, ки дар пасманзари мушкилоти Афғонистон ва вазъи имрӯзаи минтақа “бояд кори зиёдро ба хотири ҳимоят ва беҳтар кардани вазъи мардум, таъмини амният ва оромии онҳо ба анҷом расонем”. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар муддати охир ҳамкориҳои низомиву сиёсии миёни ду кишвар тақвият ёфта хусусияти муҳими он “эътимоди баланд ва манфити умумии тарафҳо дар амният ва суботи минтақаи Осиёи Марказӣ” мебошад.
XS
SM
MD
LG