Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мақомҳои интихоботии Афғонистон


Додситонии кулли Афғонистон мегӯяд, ки чанд мақоми баландпояи интихоботии ин кишварро боздошт ва алайҳи онҳо парвандае дар заминаи тақаллуби раъйҳо боз кардааст. Додситони кулл Муҳаммадисҳоқ Алако ҳамчунин изҳороти Комиссиюни мустақили интихоботиро оид ба натиҷаҳои интихобот “пеш аз вақт” хонда гуфтааст, ки ҳанӯз таҳқиқот анҷом нашудааст. Раҳматулло Назарӣ, муовини додситони кулл гуфт, ки чаҳор нафарро боздошт кардааст, аз ҷумла ду нафари онҳо дар мақомҳои тасмимгиранда буда дуи дигар дар муомилаҳои пулӣ даст доштаанд, ки ба тақаллуби раъйҳо сабаб шудааст. Дар сурати идомаёбии тафтишот, ин сеюм даври таҳқиқи баргаҳои интихоботи парлумонии Афғонистон мешавад.
XS
SM
MD
LG