Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши боздоштҳои аъзои гурӯҳҳои мамнӯи мазҳабӣ


Азия-Плюс аз қавли мақомоти интизомии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки “дар чанд рӯзи гузашта дар шимоли ҷумҳурӣ тақрибан даҳ нафар” мубаллиғони гурӯҳи мамнӯи мазҳабии “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт шуданд. Дирӯз як сокини 41-солаи ҷамоати Унчии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ бо ҳамингуна як иттиҳом ба дасти сохторҳои ҳифзи тартибот афтод. Вазорати умури дохила ба ин хабаргузорӣ гуфт, ки ин мард аз декабри соли гузашта дар узвияти “Ҳизб-ут-таҳрир” зери лақаби Чоҳкан қарор дошта адабиёту варақаҳо ва дигар маводи таблиғкунандаи ақоиди ин гурӯҳи мамнӯи мазҳабиро дар ихтиёр доштааст. Соли ҷорӣ, мегӯяд ин манбаъ, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 30 нафар бо иттиҳоми узвият дар “Ҳизб-ут-таҳрир”, Ал-Қоида, Ҷамоати Таблиғ ва Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG