Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе Поягоҳи парчами давлатӣ бунёд мешавад


Дар канори Қасри Миллат дар шаҳри Душанбе маросими шурӯъи бунёди баландтарин дар ҷаҳон - Поягоҳи парчами давлатӣ баргузор шуд.Ба иттилоъи сомонаи интернетии president. tj, дар ин маросим раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард ва хишти аввалу паём ба наслҳои ояндаро дар Поягоҳи парчами давлатии Тоҷикистон гузошт.
Поягоҳи парчами Тоҷикистон 165 метр баландӣ хоҳад дошт. Баландии худи парчам 30 метр ва паҳноияш 60 метр хоҳад буд. Қарор аст, ки Поягоҳи парчами Тоҷикистон аз сӯи корхонаи “Алюминсохтмон” ва ширкати Trident Support то Наврӯзи оянда бунёд шавад.
XS
SM
MD
LG