Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши нави Пенгатон дар мавриди Афғонистон


Пентагон дар гузориши наваш мегӯяд, фасоди саросарӣ талошҳои Амрикову НАТО ҷиҳати таҳкими амният ва рушд дар Афғонистонро замин мекунад. Пентагон мегӯяд, бо вуҷуди бархе талошҳои Кобул, иҷрои тааҳҳуд барои нест кардани фасод дар сатҳи мақомоти расмӣ зери суол боқист.
Ин гузориш ҳамчунин мегӯяд, хушунат дар ин кишвар ба ҳадди то ҳол бесобиқае авҷ гирифта, муқовимати чирикиҳо низ мураккабтар мешавад. Гузориш меафзояд, Эрон ба таъмини силоҳ ва тамрини ҷангиёни толиб идома дода, бо вуҷуди беҳтар шудани ҳамкории Покистон бо НАТО, паноҳгоҳҳои амни ҷангиён дар ҳошияи марзи Афғонистону Покистон ҳамчунон як мониа боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG