Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти вакили кӯҳнавардони дар Эрон боздоштшуда


Вакили мудофеъи се кӯҳнаварди ҷавони амрикоӣ, ки дар Эрон ба ҷосусӣ айбдор мешаванд, гуфт, ки ӯ бо ду тан аз муваккилони то ҳол зиндонии худ аз моҳи сентябр ба ин сӯ мулоқот накардааст. Масъуд Шофеъӣ гуфт, бори охир Шон Бауэр ва Ҷош Фатталро дар миёнаҳои сентябр, дар рӯзи раҳоии шарики севвуми онҳо хонум Сара Шоурд дидааст, вале аз он ба баъд қозӣ ба ӯ иҷозати аёдат аз муваккилонашро намедиҳад.
Ин се кӯҳнавард соли гузашта дар ҳошияи марзи Ироқ дастгир шуданд. Теҳрон онҳоро ба ҷосусӣ айбдор кард, вале худи онҳо мегӯянд, дар Ироқ кӯҳнавардӣ мекарданд ва иштибоҳан вориди хоки Эрон шудаанд. Мурофиаи ин парванда, қарор аст, рӯзи 6 феврал шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG