Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони 19 узбак дар ҷануби Қирғизистон


Додгоҳи ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолобод 19 тан аз узбакҳои сокини ин минтақаро бо ҷурми даст доштан дар чандин куштор дар ҷараёни даргириҳои қавмии моҳи июн байни қирғизҳову узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон маҳкум ба зиндон кард. Ин гурӯҳ ба куштору ошӯб ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ муҷрим шинохта шуда, 17 тани онҳо ба зиндони умрбод ва 2 тани дигар ба 25 сол маҳкум шуданд. Ба гуфтаи додгоҳ, ин афрод рӯзи 13 июн дар корхонаи пахтаи “Санпа” камин гирифта, мошинҳои раҳгузарро манъ ва қирғизҳои дохили мошинҳоро латукӯб ва ҳатто қатл мекарданд. Дар “Санпа” дар маҷмӯъ 14 нафар кушта шуда, 2 тани дигар то ҳол бенишон боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG